Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Горан Стеванович барои омодагӣ ба бозии даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ба муқобили дастаи яккачини Филиппин тайёриро оғоз кардааст.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додаанд, машқҳои даста 23 март дар шаҳри Душанбе сар мешавад. Рӯйхати бозигарони даъватшуда ба ҷамъомади тамриниро рӯзҳои наздик эълон мекунанд.
Бозии даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин 31 март, соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор оғоз мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь