Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Горан Стеванович ҳайати дастаро барои бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо тими миллии Филиппин, ки 31 март дар шаҳри Ҳисор баргузор мешавад, эълон дошт.
Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод, ки бисту панҷ бозигар — 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар барои омодагӣ ба вохӯрии дарпешистода ба дастаи мунтахаби миллӣ даъват гардидаанд. Рӯйхати ниҳоӣ барои бозӣ 23 бозигарро дар бар мегирад.
Ҷамъомади тамринии дастаи мунтахаби миллӣ 23 март дар шаҳри Душанбе оғоз мегардад.
Бозии шашуми даври интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» байни Тоҷикистон ва Филиппин 31 март, соати 19:00 дар варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь