Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии охиринро дар Ҷоми Осиё-2026, ки дар Индонезия идома дорад, баргузор кард.
Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳӣ дастаи яккачини Тоҷикистон бо Австралия мусовӣ – 1:1 бозӣ кард.Дар натиҷаи марҳилаи гурӯҳӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон ду имтиёз ба даст оварда, дар гурӯҳи «C» ҷойи сеюмро гирифт ва ширкатро дар Ҷоми футзали-Осиё 2026 ба анҷом расонд.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ Ҷопон бар дастаи Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Аз ин гурӯҳ дастаҳои Ҷопон (9 имтиёз) ва Ӯзбекистон (4 имтиёз) ба даври дигар роҳ ёфтанд.
Блоки рекламавӣ



