Имрӯз дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бозиҳои даври ниҳоии гурӯҳи «С»-и марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026 баргузор мешаванд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал, ки дар даврҳои қаблӣ бар тимҳои Макао (10:2) ва Камбоҷа (7:1) пирӯзӣ ба даст оварда буд, акнун бо чемпиони чаҳоркаратаи Осиё – тими миллии Ҷопон бозӣ мекунад.
Бозӣ соати 20:00 оғоз мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь