Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дуюми худро дар Ҷоми Осиё-2026, ки дар Индонезия идома дорад, анҷом дод.
Дар бозии даври дуюми гурӯҳи C мунтахаби Тоҷикистон аз мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд. Дар бозии дигаи ин гурӯҳ Узбекистон бар Австралия бо ҳисоби 4:2 пируз шуд.
Акнун, тақдири баромад аз гурӯҳ дар даври ниҳоӣ ҳал мешавад. 1 феврал дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Австралия бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 13:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Блоки рекламавӣ



