Рақибони дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал дар қисми ниҳоии Ҷоми КФО-2026, ки дар Индонезия баргузор мешавад, маълум гардиданд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додаанд, пас аз қуръакашии Ҷоми Осиё-2026 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» ҷойгир шуда, бо дастаҳои Ҷопон, Ӯзбекистон ва Австралия бозӣ мекунад.
Дар қуръакашӣ шонздаҳ даста ба чор гурӯҳ – «А», «В», «С» ва «D» тақсим шудааст, ки ҳар кадоме аз чор даста иборатанд.
Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил дода, барои медалҳо мубориза мебаранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь