Варзишгарони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи бонуфузи қитъавӣ – Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон-2025 се медали тилло ба даст оварданд. Дар ин хусус аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин мусобиқаи бонуфуз варзишгарон Абубакр Худоиев, Муҳаммад Одинашоев ва Мадина Қурбонзода медали тилло ба даст оварданд.
Мусобиқа 20–21 ноябр байни наврасон баргузор шуда, дар он 333 варзишгар аз 4 кишвари Осиё иштирок доранд. Аз Тоҷикистон дар ин бахш 179 писар ва 11 духтар иштирок доранд.
Мусобиқа байни ҷавонон 22–23 ноябр доир мегардад. Дар ин мусобиқа 276 ҷудочӣ аз 6 кишвари Осиё ҳунарнамоӣ мекунанд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 176 писар ва 10 духтар дар татамии Душанбе рақобат хоҳанд кард.
Блоки рекламавӣ



