Дар рӯзи якуми нахустин Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 220 варзишгар аз 12 давлат идома дорад, паҳлавонони Тоҷикистон аз намуди самбои варзишӣ байни мардон соҳиби се медал, аз ҷумла 1 нуқра ва ду биринҷӣ гардиданд.
Медали нуқраро Анӯшервон Назарзода (58 кг) ва медалҳои биринҷиро Комроншоҳи Устопириён (98 кг) ва Хуршед Маҷидзода (+98 кг) ба даст оварданд.
Мусобиқа 20 сентябр дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида то 21 сентябр идома меёбад. Варзишгарон дар ду бахш — самбои варзишӣ ва самбои размӣ дар 14 вазн байни мардону занон қувва меозмоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь