Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби Шоҳҷоиза шуданд
Дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаҳои шоиста дар аввалин Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Хайём — «KhIMIO–2025» 8 ҷойи намоён ва Шоҳҷоиза — «Ҷоми Хайём»-ро ба даст овард. Дар ин хусус аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар додаанд.
Олимпиада аз 5 то 9 ноябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки 96 довталаб аз 8 давлат баргузор гардид. Дар олимпиада, ки аз фанҳои математика ва информатика иборат буд, намояндагони Тоҷикистон бо дониши амиқ, зеҳни баланд ва тайёрии ҷиддӣ истеъдоди худро дар сатҳи байналмилалӣ нишон доданд.
Ғолибони тоҷик бо Диплом, медалҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ин дастовард натиҷаи талоши омӯзгорон, муҳити омӯзишии муассир ва дастгирии давлат дар рушди илмҳои дақиқ мебошад.

Ҷоми Хайём дар Тоҷикистон монд
Блоки рекламавӣ


