Имрӯз, 5 ноябр дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол нахустин бозии худро дар Ҷоми Ҷаҳон-2025, ки дар Давлати Қатар ҷараён дорад, анҷом медиҳад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ҳарифони дастаи Тоҷикистон дастаи Чехия мебошад. Бозӣ дар майдони рақами 8-и Маҷмааи варзишии «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа баргузор шуда, соати 15:30 ба вақти маҳаллӣ (17:30 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми Ҷаҳон-2025 дар гурӯҳи «I» бозӣ мекунад. Ҳарифони тими миллии мо дастаҳои Чехия (5 ноябр), ИМА (8 ноябр) ва Буркина-Фасо (11 ноябр) мебошанд.ҶОМИ ҶАҲОН-2025. Имрӯз дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) нахустин бозии худро мегузаронад
Блоки рекламавӣ



