Имрӯз, 11 ноябр дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2025 бозии ниҳоӣ анҷом медиҳад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи Тоҷикистон дар даври сеюм бо дастаи мунтахаби Буркина-Фасо бозӣ мекунад. Бозӣ дар майдони №2-и Маҷмааи варзишии «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа доир шуда, соати 17:45 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:45 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар гурӯҳи «I» футболбозони навраси тоҷик бо дастаҳои мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Чехия рақобат намуданд.
Дар бозии аввал дастаи Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби Чехия бо ҳисоби 1:6 шикаст хӯрд. Дар дидори дуюм дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қувва озмуда, бо натиҷаи 1:2 мағлуб гардид.

ҶОМИ ҶАҲОН-2025: Тоҷикистон (U-17) – Буркина-Фасо
Блоки рекламавӣ


