Дафтари матбуоти Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хабар дод, ки Умед Бобозода рӯзи 24 сентябр барои ошноӣ бо шароити нигаҳдории зиндониён ва риояи ҳуқуқи онҳо ба муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ рафт.
Вай дар ин зиндон бо маҳбусон аз Қирғизистон, Афғонистон ва Русия вохӯрд. Дар хабарнома омада, ки баъзе аз ин маҳбусон аз Омбудсмени тоҷик хостанд, онҳоро ба кишварҳояшон фиристанд.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон шароити нигоҳдории маҳкумшудагонро хуб ва мутобиқ ба қонунҳои кишвару санадҳои байналмилалӣ ҳисобид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь