Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия барои шиносоӣ бо вазъи маҳбусони рус аз як зиндон дар Тоҷикистон боздид кард.
Татяна Москолкова, омбудсмени рус дар муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 – Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон бо маҳбусон аз Русия мулоқот кардааст.
Дар ин бора рӯзи 27-уми октябр, дар сомонаи ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон иттилоъ дода шудааст. Манбаъ навиштааст, Москалкова дар вохӯрӣ бо зиндониёни рус аз онҳо дар бораи шароити муассиса ва сиҳатияшон пурсон шудааст. Вай ҳамчунин аз ҷойи хобу, қисми тиббӣ ва ҷойҳои дигари зиндон дидан кардааст.
Маҳбусони рус ба Омбудсмени кишвари худ аз дурии роҳ ва душвор будани дидорбинӣ бо наздиконашон шикоят карда, хостори мусоидат барои истирдоди онҳо ба ватанашон шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь