Додгоҳи Олмон, пас аз баҳсу баррасиҳои тӯлонӣ, қарор кардааст, ки айбдоршавандаи узвият дар гурӯҳи террористии ДОИШ ба Тоҷикистон дода шавад.
Хабаргузории “Мавҷи Олмон” навишт, ки қарори берун кардани шаҳрванди Тоҷикистонро додгоҳи олии замини Рейн-Вестфалияи Шимолӣ рӯзи 9-уми октябр баровард.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон ба гуфтаи мақомоти Олмон, соли 2015 ба сафи ДОИШ пайваста, дар Сурия ва Ироқ дар амалиёти ҷангӣ ширкат кард. Маълум нест, ки ӯ чӣ тавр аз ин кишварҳо то Олмон расид, вале ӯ соли 2017 бо қарори додгоҳи Дюсселдорф бо ҷурми “узвият дар созмони байналмилалии террористӣ” ба панҷ соли зиндон маҳкум шуда буд.
Вай аз хатми адои ҷазо аз додгоҳ хоста будааст, ки ӯро ба ватанаш нафиристанд.
Ҳарчанд, номи ин нафар зикр нашудааст, вале тобистони соли 2016 мақомоти Олмон Маҳмадсаид Саидов, як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карда буданд. Додситонии федеролии Олмон он замон гуфта буд, ки Маҳмадсаид С. соли 2015 дар Раққаи Сурия дар сафи гурӯҳи тундрави “Далвати исломӣ” қарор дошт. Ӯро низ баъдан ба панҷ соли зиндон маҳкум карда буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь