Дар шаҳри Душанбе ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд-боғи падару модар» муайян ва қадрдонӣ гардиданд. Нурхон Ҷурахонзода аз ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҳамсари беҳтарин ва Карина Шоназарова аз шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фарзанди беҳтарин дониста шуда, сазовори ҷойи аввали озмун гардиданд”, – иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Озмунҳои ҷумҳуриявии «Ҳамсари беҳтарин» ва «Фарзанд-боғи падару модар» низ ба баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ва эҳтирому арҷгузории оила ба фарҳангу тамаддуни миллӣ мусоидат менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд-боғи падару модар» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» бо мақсади тақвияти мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ баргузор гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь