Дар асоси навори ирсолнамудаи як нафар шаҳрванд, аз ҷониби кормандони бозрасӣ, Ҷабборов Аъзам-ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «BYD», рақамҳои қайди давлатиаш 7000NC01, боздошт гардид.
Чуноне дар навор дида мешавад, номбурда ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи М.Турсунзода ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд овардааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Ҷабборов А., бо моддаи 326 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардид.
Аз шаҳрвандон даъват карда мешавад, ҳангоми мушоҳидаи чунин қоидавайронкуниҳо тавассути рақамҳои (+992)018020202 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь