Дар бештари маврид аз макони номуайяншуда гардиш намудани воситаи нақлиёт, боиси ба вуҷуд омадани ҳолати хатарноку садамавӣ ва ҳатто ба ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ оварда мерасонад.
Аз ҷумла, дар асоси навори ирсолнамудаи як нафар шаҳрванд, аз ҷониби кормандони бозрасӣ, Одинаев Дилшод-ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “AION”, рақамҳои қайди давлатиаш 8002ТТ10, боздошт гардид.
Чуноне дар навор дида мешавад, номбурда ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи А.Қаҳҳоров хатти яклухти дуқабатаро зер карда, ба таври нодуруст ба самти чап гардиш намудааст, ки дар натиҷа ҳолати хавфноку садамавиро ба вуҷуд овардааст.
Вобаста ба ин, нисбати номбурда бо моддаи 326 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Аз кулли ронандагон талаб карда мешавад, ки бо мақсади пешгирӣ аз эҳтимоли сар задани садамаҳои нақлиётӣ, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд.

Ҳолати садамавӣ ба миён овард
Блоки рекламавӣ


