Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 61-солаи сокини ноҳияи Ашт бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз моҳи сентябр то моҳи декабри соли 2021, ашёи хоми пахта аз замини хоҷагии ҶСП «Марҳамат», ки ба марди 58-солаи сокини ноҳияи Ашт тааллуқ дорад, ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ бо мақсади нигоҳдорӣ ва коркард гирифта, ашёи хоми пахтаро ба фурӯш бароварда, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь