Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар пайи санҷиш тасарруфи беш аз 1 миллион сомонии маоши кормандони як беморхонаро фош намуд. Муҳосиби Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб бо истифода аз ваколатҳои мансаби худ ва “барзиёд нишон додани маоши кормандони беморхона ва дигар пардохтҳо”, дар солҳои 2022- 2025 беш аз 1 миллиону 147 ҳазор сомониро аз худ кард.
Бино ба хабари Оҷонсӣ, Сиддиқов Б.Б ин амалҳоро дар давраи фаъолияташ ба ҳайси сармуҳосиби Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб ва баъдан муҳосиби ин корхона анҷом дода, “ба давлат зарари махсусан калон расондааст”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь