Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон навиштааст, ки таъмини хонаҳои сокинон бо гармӣ дар шаҳри Душанбе ба қадри зарурӣ намебошад. Ин ниҳод дар хабарномае навиштааст, дар аксар мавзеъҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури Душанбе “меъёрҳои муқарраршудаи гармӣ риоя намегардад”.
Ба гуфтаи мутахассисони Оҷонсӣ, ҳарорати гармӣ дар шабака ва дохили биноҳои баландошёна то 55 дараҷа баробар буд. Дар ҳоле, ки мувофиқи талабот, ҳарорати гармӣ бояд 75 дараҷа бошад.
Дар хабарномаи расмӣ омадааст, паст будани таъминоти гармӣ боис шудааст, ки сокинон барои гарм кардани манзилашон аз барқ истифода баранд ва ин ҳолат боиси сарборӣ дар хатҳои барқ гардид.
Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика гуфтааст, барои рафъи мушкил ба масъулини дахлдор супориш ва тавсияҳо дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь