1-уми август пас аз интизориҳои тӯлонӣ сабти филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” оғоз шуд. Ҳамчунин, дар ин ин рӯз эълон шуд, ки нақшҳои асосии филм – Абдураҳмони Ҷомиро Маҳмадсаид Шоҳиён (аз Тоҷикистон) ва Мир Алишери Навоиро Илҳом Бердиев (аз Ӯзбекистон) бозӣ мекунанд.
Ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шуд. Бисёр нафарон навиштанд, ки Маҳмадсаид Шоҳиён барои иҷрои нақши Абдураҳмони Ҷомӣ мувофиқ нест ва пешниҳод карданд, ки ин нақшро Нурулло Абдуллоев, Муҳаммадалӣ Маҳмадов, Қурбони Собир, Абдумӯъмин Шарифӣ ё каси дигаре бояд иҷро мекард. Ҳатто нафаре навишт, ки бояд фикри мардум ҳам барои интихоби нақши Ҷомӣ ба инобат гирифта шавад…
Бо мутолиаи ин ҳама шарҳҳо банда ба худ суол додам, ки оё Маҳмадсаид Шоҳиён аз ӯҳдаи иҷрои нақши Ҷомӣ мебарояд?
Қабл аз ин як нуктаро бояд бигӯям: Санъати синамо қонунҳои худро дорад ва масъулияти филм ба дӯши коргардон аст. Коргардон чӣ мехоҳад, ману шумо то тамошои филм намедонем. Коргардонҳои филми Ҷомӣ ва Навоӣ Файзулло Файзов аз Тоҷикистон ва Дилмурод Масаидов аз Ӯзбекистон дар ин соҳа таҷриба доранд. Ҳар ду филмҳои мондагор аз қабили “Бачаи обӣ” ва “Сарнавишти зан” доранд, ки соҳиби ҷоизаҳои байналмиллалӣ гардидаанд… Бинобар ин, ба онҳо машварат додани мо ҳамон ҳикояи замони шӯравиро ба ёд меорад, ки директори консерваторияро мардуми деҳа роҳбари консервзавод гумон мекунанд… Вале банда ба ин коргардонҳо бовар дорам ва ба интихобашон ҳам!
Акнун дар бораи Шоҳиён:
Нақшҳои қаблан иҷрокардаи ин актёр аз ҷумла Восеъ аз “Ашк ва шамшер”, Абдушукур «Дар орзӯи падар», Ватандор аз «Пуштаи Хандақпеч», Файз аз «Кӯҳистонӣ» ба ёди банда ҳастанд. Миёни ин нақшҳо албатта, беҳтаринаш нақши Восеъ аст, ки бо иҷрои ин ҳунарманд дар зеҳни мо ҷой гирифтааст…
Мо солҳои охир бештар Маҳмадсаид Шоҳиёнро ҳамчун шахси мансабдор бо чеҳраи ҷиддӣ ва шиму костюми гаронбаҳо дидаем ва чунин образи ӯ дар зеҳни мо нақш бастааст. Ҳамин аст, ки ин шахси мансабдорро дар либоси Ҷомӣ дидан бароямон тасаввурнопазир аст.
Вале набояд фаромӯш кунем, Маҳмадсаид Шоҳиён дар синамо одами нав нест. Хатмкардаи донишкадаи санъат асту солҳо дар театр кор кардааст. Шояд аз 10 то бештар нақш дар кино бозида бошад…
Бинобар ин, ӯ нақши Ҷомиро иҷро карда наметавонад (!) гуфта ҳукм кардан дуруст нест. Чаро бовар накунем, ки ин ҳунарманд нақши Ҷомиро хуб бозӣ карда метавонад ва ба ӯ барору комёбӣ нахоҳем?
Эроди бисёриҳо дар ҷусса ва нигоҳи Шоҳиён аст. Ҳунарманди хуб агар 200 килограм вазн дошта бошаду 2 метр қад, мӯрчаро бозӣ карда метавонад… Ин аз маҳорати ҳунарманд вобаста аст.
Дар синамо бисёр шудааст, ки ҳунарманде, ки аз вай чизе интизор нестанд шоҳкорӣ мекунад ва борҳову борҳо шудааст, ки ҳунармандони бузург дар иҷрои нақшҳо муваффақ набудаанд…
Бинобар ин, банда умед дорам, ки Маҳмадсаид Шоҳиён нақши Абдураҳмони Ҷомиро дар ниҳояти камолу ҷамол иҷро хоҳад кард ва ин филми таърихӣ дар синамои тоҷику ӯзбек таърихсоз хоҳад шуд.
Одили Нозир