Дар Шашумин урси байналмилалии Бедили Деҳлавӣ, ки дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор шуд донишманди тоҷик, узви Фарҳангистони забону адаби форсӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода бо нахустин Ҷоизаи байналмиллалии Бедили Деҳлавӣ сарфароз гардонида шуд.
Урси байналмилалии Бедили Деҳлавӣ, як ҳамоиши бонуфузи илмӣ аст, ки ҳамасола дар Теҳрон бо ҳузури донишмандони адабпажӯҳ аз кишварҳои форсизабон баргузор мешавад. Шашумин даври ин ҳамоиш 21-22 даймоҳи соли 1404 (баробар бо 11-12 январи соли 2026 дар Теҳрон баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиши байналмиллалӣ дар баробари Абдунабӣ Сатторзода ду донишманди дигар барои саҳми арзандаашон дар рушди илми адабиётшиносӣ ва таълифоти мондагорашон дар заминаи адабиёти форсии тоҷикӣ бо нахустин Ҷоизаи байналмилалии Бедили Деҳлавӣ сарфароз гардиданд. Инҳо профессор Шариф Ҳусайни Қосимӣ аз Ҳиндустон ва профессор Орифи Навшоҳӣ аз Ҷумҳуриии исломии Покистон ҳастанд.

Ҷойизаи байналмиллалии Абдунабӣ Сатторзода
Блоки рекламавӣ


