Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Горан Стеванович ҳайати бозигаронро барои бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 ба муқобили дастаи Тимори Шарқӣ, ки 18 ноябр дар Дарвини Австралия баргузор мешавад, эълон кард. Ба рӯйихати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 24 бозигар — 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар номнавис гардиданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Австралия сафар карда, дар онҷо барои бозӣ бо Тимори Шарқӣ омодагӣ мегирад.
Бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» байни дастаҳои мунтахаби Тимори Шарқӣ ва Тоҷикистон 18 ноябр, соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ (11:30 ба вақти Душанбе) дар ҳудуди варзишгоҳи Лигаи регбии шаҳри Дарвини Австралия баргузор мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь