Ҷиёнг Шучин, таҳлилгари геополитик ва ояндапажӯҳи чинӣ, ду сол пеш се пешгӯии ҷанҷолӣ дар бораи ояндаи ҷаҳон матраҳ кард:
1. пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи президентӣ
2. вуруди Амрико ба ҷанг бо Эрон
3. шикасти Иёлоти Муттаҳида дар ин ҷанг.
Пешгӯиҳое, ки бо таҳаққуқи ду мавриди нахуст, акнун бори дигар таваҷҷуҳҳоро дар сатҳи ҷаҳон ба худ ҷалб кардаанд.
Шучин як солу даҳ моҳ пеш дар яке аз дарсҳои худ гуфт, ки ин шикаст метавонад «низоми ҷаҳониро барои ҳамеша тағйир диҳад».
Ӯ акнун дар як мусоҳибаи тоза гуфт, ки пешгӯии ҷанҷолияш дар бораи ҷанги Амрико ва Эрон ҳамчунон пойбарҷост. Чунончи, ба гуфтаи ӯ, акнун амалан як «ҷанги фарсоишӣ» миёни ду кишвар дар ҷараён аст, ҷанге, ки ба бовари ӯ, Эрон барои он наздик ба ду даҳа омодагӣ гирифта аст.
Шучин афзуд, Теҳрон дар ин ҷанг метавонад бо истифода аз шабакаи нерӯҳои ниёбатӣ ва ҳамчунин бо ҳадаф қарор додани масирҳои ҳаётии энержӣ ва иқтисод дар минтақа, сохтори иқтисодии муттаҳидони Амрико дар халиҷи Форсро вайрон кунад.
Ба бовари ӯ, ин кор метавонад содироти нафти кишварҳои халиҷи Форсро мухтал карда ва сармоягузориҳои нафтии онҳо дар иқтисоди Амрикоро боз истонад; коре, ки дар натиҷаи он «иқтисоди Иёлоти Муттаҳида фурӯ хоҳад пошид».
Ҷиёнг Шучин пажӯҳишгар ва омӯхтори чинӣ дар ҳавзаи таърих, геополитик ва ояндапажӯҳӣ аст, ки аксаран дар бораи таърих ва сиёсати ҷаҳон суҳбат мекунад. Ӯ бо баррасии рӯйдодҳои гузашта кӯшиш мекунад равандҳои ояндаи ҷаҳонро пешгӯӣ намояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь