Барои олимони ҷавон дар соли 2026 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон кард.
Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ бо мақсади қадршиносии хизматҳои шоистаи олимони ҷавон дар назди ҷомеа ва давлат, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии олимони ҷавон ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, техникӣ, технологӣ ва инноватсионӣ таъсис ёфтааст.
Дар озмун барои дарёфти ин ҷоиза довталабони то 35-сола ҳуқуқи иштирок доранд. Барои иштирокчиёни озмун барои натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникие, ки дар номгӯи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд, инчунин коркарди намунаи техникаи нав ва технологияҳои инноватсионие, ки иқтидори истеҳсолии ҷумҳуриро таҳким бахшида, ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамоянд, афзалият дода мешавад.
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун аз 13 феврал оғоз гардида, то 13 майи соли 2026 ҳамарӯза то соати 17:00 идома меёбад.

Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ ба кадом олимони ҷавон дода мешавад?
Блоки рекламавӣ


