Ҳамасола охири моҳи январ дар Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои бостонии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик– Сада таҷлил мегардад.
Ба таҳлили олимон, ҷашни Сада наздик омадани Наврӯз – соли нави аҷдодиро бо омадани баҳор, омода шудани замин барои кишту кор, огоҳӣ аз анҷоми фасли сармо ба деҳқонон хабар медиҳад. Яъне, панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз фарорасии ҷашни Наврӯз таҷлил гардидани Сада кишоварзонро водор месозад, ки ба истиқболи сазовори Наврӯзи ҷаҳонӣ ва кишту кори баҳорӣ омодагӣ бинанд.
Блоки рекламавӣ



