Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар идомаи сафар дар шаҳри Кӯлоб бо сохтмони бинои Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон шинос шуд. Иншооти мазкур дар маҳаллаи Ориёно воқеъ буда, аз 7 қисм иборат мебошад. Ҳоло корҳои оҳану бетонӣ дар 5 қисми он ба охир расидаанд.
Сарвазири мамлакат пас аз боздиди Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Кӯлобтаҷҳизот», ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат текстайл» ва «Ресандаи Кӯлоб», ки чанд вақти охир аз фаъолият бозмондаанд, дар назди роҳбарони онҳо ва масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт, то камбудиҳо бартараф ва пешрафти кор таъмин гардад. Барои беҳтар намудани сифати маҳсулот ва истифодаи пурраи иқтидори мавҷуда супоришҳо дода шуданд.
Сарвазири мамлакат бо корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли хӯроки паранда, ки аз ҷониби Холмуҳаммад Одинаев ба маблағи умумии 3,5 миллион сомонӣ сохта мешавад, шинос шуд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз коркарди 20 тонна маҳсулотро ташкил дода, барои 15 нафар ҷойи кор муҳайё мегардад.
Сипас дар деҳаи Корези деҳоти Зиракӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо корҳои сохтмонӣ тибқи Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб шинос шуд.
Қоҳир Расулзода инчунин бо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Ёхсӯ шинос гардид. Гуфта шуд, ки 45,3 километри дарёи Ёхсӯ аз ҳудуди деҳаи Хонаободи деҳоти Даҳана мегузарад, ки 25,3 километри он мавзеъҳои хавфнок буда, барои аҳолии шаҳр ва деҳоти Даҳана, Зиракӣ ва Зарбдор хатар эҷод мекунад.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дидан намуд. Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло дар ин минтақа 10 корхона, аз ҷумла ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷик Алмос», «Кӯлоб Агросаноат», «Кӯлоб Пласт», «Растанӣ Инно», «Сомон Трейд», «Саноат Сино», «Тоҷик Агро Био Фид», «Тоҷ Чайна байналмилал», «Зафар Текстил» ва «Фарм Кӯлоб» фаъолият мекунанд.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Корея барои ба анҷом расонидани корҳои лоиҳакашӣ то ин ҳол қариб 7 миллион сомонӣ кумаки бебозгашт ҷалб гардидааст.
Бояд гуфт, ки аз оғози фаъолият то кунун дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо назардошти ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ 99 миллион сомонӣ сармоя ҷалб шуд.

Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб
Блоки рекламавӣ


