Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ба Сафорати Эрон дар Душанбе рафта, аз номи Ҳукумат ва мардуми кишвар ба эрониён ҳамдардӣ намуд.
Дар пайи кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон ва ҷамъе аз мақомдорону шаҳрвандони ин кишвар дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил, имрӯз дар Сафорати Эрон дар Душанбе “Дафтари ёдбуд” кушода шудааст.
Сарвазири Тоҷикистон ҳам ба ин ниҳоди диломатӣ омада, изҳори ҳамдардиашро баён ва онро дар “Дафтари ёдбуд” сабт намуд.
Ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон ва дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ барои изҳори тасаллият ба Сафорати Эрон омада истодаанд. Ин маросим то соати 16:30 идома меёбад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь