Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 кВт/соат шинос шуд. Ин неругоҳ барои таъмини 115 ҳазор хоҷагӣ бо неруи барқ дар 750 гектар сохта шуда, арзиши лоиҳавии он 125 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар сохтмони он қариб 600 нафар аҳолии маҳаллӣ кор мекунанд. Баъди ба истифода додани неругоҳ 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
Ояндаи наздик васлу насби панелҳои офтобӣ оғоз мешавад. Қоҳир Расулзода бунёди неругоҳҳои офтобиро қадами устувор дар роҳи расидан ба истиқлоли энергетикии мамлакат номид.
Блоки рекламавӣ



