22 ноябр дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун ва саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахтаву коркард намудани он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дӯстии вилояти Хатлон сафар кард.
Сарвазири мамлакат нахуст дар шаҳраки Хоҷамастони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Маркази хизматрасониро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Марказ аз 3 ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамолиддин Ҳасанов сохта шудааст.
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ инчунин дигар иншооти ҷашнӣ, бинои нави Шуъбаи қабули беморон ва ёрии таъҷилии беморхонаи марказии ноҳия ифтитоҳ гардид. Бинои нав бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳоқимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша дар масоҳати 372 метри мурабаъ қомат афрохта, дорои ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, табибони ҷарроҳ, амрози даруна, ҷароҳатбандӣ, эҳёгарӣ, кӯдакона, ташхиси ултрасадо ва утоқи сабти барқии дил мебошад.
Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат дар деҳаи Сумбулаи ноҳия бинои дуошёнаи бунгоҳи тиббӣ ва коргоҳи дузандагӣ мавриди истифода қарор дод, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардидааст.

Қоҳир Расулзода дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дӯстӣ
Блоки рекламавӣ


