18 ноябр дар шаҳри Маскави Федератсияи Руссия ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, сармоягузорӣ, гумрук, кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим, амният ва бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро бо давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай самти муҳими фаъолияти иқтисоди хориҷии худ медонад.
Бо вуҷуди таъсири омилҳои беруна, иқтисоди Тоҷикистон рушди устувори худро нигоҳ медорад – суръати афзоиши он дар соли 2025 8,2 дарсад пешгӯӣ мегардад. Дар ҳамин ҳол, аз се ду ҳиссаи гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай рост меояд, ки ин рақам мунтазам афзоиш меёбад.
Таъсиси Бонки рушди Созмони ҳамкории Шанхай метавонад қадами калидӣ дар самти дастгирии лоиҳаҳои бузурги муштарак номида шуд.
«Барои беҳтар кардани ҳамлу нақли фаромарзӣ Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки Платформаи ягонаи рақамии Созмони ҳамкории Шанхай барои идоракунии ҳамлу нақли мултимодалӣ таъсис дода шавад», — гуфт Қоҳир Расулзода.
Баъд аз анҷоми ҷаласа Президенти Федератсияи Руссия муҳтарам Владимир Путин сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфт.

Блоки рекламавӣ