6 сентябр зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба шаҳри Кӯлоб аз муассисаи давлатии Ансамбли “Фалак”-и назди Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб боздид намуд.
Зимни боздид раиси вилоят аз гурӯҳҳои ансамбл, ки аз навозандагон, сарояндагон ва раққосон иборат аст, шиносоӣ пайдо кард.
Гуфта шуд, ки дар ансамбли мазкур 46 нафар корманд фаъолият мекунанд. Ансамбли “Фалак” аз соли 2004 инҷониб фаъолият намуда, дар татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор аст.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо кормандони Ансамбл таъкид намуданд, ки бояд раванди кор дар сатҳи баланди касбӣ ба роҳ монда шуда, ҳунару маҳорати санъаткорон бештар рушд ёбад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди фарҳангу ҳунар таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва ҳар як корманди соҳа бояд аз ин имкониятҳо самаранок истифода намояд.
Қайд карда шуд, ки дар оянда тибқи нақша бинои ансамбл таъмиру азнавсозӣ мегардад, то барои пешбурди муназзами кор ва фароҳам овардани шароити беҳтари эҷодӣ заминаҳои зарурӣ муҳайё гардад.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси влояти Хатлон хабар доданд”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь