28 августи соли равон дар ноҳияи Айнӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода корҳои мумфаршкунии роҳи автомобилгард дар Ҷамоати шаҳраки Зарафшон оғоз ёфт.
Масофаи роҳи мумфаршшаванда 1 километрро дарбар мегирад ва мумфаршкунии роҳ бо саҳми корхонаи муштараки «Анзоб» амалӣ мегардад.
Бо татбиқи чунин тадбирҳо шароити зисту зиндагии сокинон беҳтар мегардад ва рафтуомаду ҳаракати нақлиёт низ осон мешавад.
Сокинони ноҳия аз ин иқдоми созанда истиқбол намуда, изҳори миннатдорӣ карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь