Музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Руcсия дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Руcсия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин дар Қасри миллат оғоз ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, аз густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, амниятӣ ва дар арсаи минтақавию байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Муҳтарам Владимир Путин, дар навбати худ Тоҷикистонро ҳампаймони боэътимод номида, изҳор дошт, ки Руссия чунин муносибатҳоро бо он баланд қадр мекунад.
Бо ишора ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши намоёни ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ва ҳамчунин, ба натиҷаҳои интизорӣ аз музокироти имрӯза, изҳори бовар карда шуд, ки робитаҳои Тоҷикистону Руссия минбаъд ҳам ба нафъи мардумони ду кишвар бемайлон густариш хоҳанд ёфт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь