Имрӯз, 2 октябр, дар шаҳри Душанбе, меҳмонхонаи Taj Palace, бо дастгирии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон маросими оғози Мактаби рушд ва устуворӣ барои журналистони мустақил ва блогерон баргузор гардид.
Дар ибтидо муовини рохбари намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Точикистон Фердинанд Генрих дар бораи хадафи ҳамкорӣ, дастгирӣ ва имкониятҳои нав барои рушди расонаҳои мустақил ва блогинг дар кишвар ибрози назар намуд.
Иштирокчиёни мактаб имкон доранд, ки малакаҳои блогинг, эҷоди контент, тарҳрезии лоиҳаҳо ва роҳҳои маблағгузории онҳоро омӯзанд, таҷриба мубодила кунанд ва қадамҳои амалӣ барои рушди касбии худ гузоранд.
Ин мактаб на танҳо як омӯзиш, балки фазои ҳамкории мутақобила, эҷодкорӣ ва густариши шабакаи мутахассисони ҷавон аст.
Блоки рекламавӣ



