Додситонии Туркия як гурӯҳи ҷавононро дар дуздӣ ва фурӯши маълумоти шахсӣ аз пойгоҳи ҳукуматӣ, аз ҷумла рақамҳои мушаххаси президенти кишвар Реҷеп Тайип Эрдуғон ва чанд вазир айбдор кард. Дар ин бора нашрияи интернетии mk-turkey.ru хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки дар айбнома номи бист нафар зикр шудааст, ки 13 нафари онҳо дар замони содир шудани ҷинояти гумонбаршуда дар соли 2021, ноболиғ будаанд. Прокуратураи Туркия изҳор медорад, ки “хакер” – ҳо ба платформаҳои таҳти назорати Вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва маориф, инчунин сайтҳои як қатор вазоратҳои дигар, ширкатҳои суғурта ва муниципалитетҳо ғайриқонунӣ дастрасӣ пайдо кардаанд. Ҷанҷолҳои дуздии маълумот дар бораи шахсони аввали давлатӣ дар Туркия қаблан ҳам рух дода буданд.
Дар соли 2016 як гурӯҳи номаълум маълумоти шахсии 50 ҳазор нафарро, аз ҷумла маълумот дар бораи Президентро дар дастрасии кушод нашр карданд. Дар баробари ин, “хакер”- ҳо изҳор дошта буданд, ки амали онҳо маҳз ба Эрдуғон равона карда шудаанд, ки ба назари онҳо “кишварро ба таври номаълум хароб мекунад”.