9-уми декабри соли 2025, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Пежо”, Шарифзода Самеъ Муҳаммадюсуф, соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди маҳаллаи Чимтеппа аз самти маҳаллаи Дарёбод ба самти роҳи мошингарди “Душанбе-Бохтар”, ҳангоми расидан дар наздикии бинои мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, марди шахсияташ номаълум тахминан 40-45-соларо пахш намудааст.
Дар натиҷа, марди шахсияташ номаълум ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
10-уми декабри соли 2025, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Бойсариев Пирмаҳмад Муродович, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Зартеппа ба самти деҳаи Сангтудаи ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Набиев Ҳамза Искандарович, соли таваллудаш 2018, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Набиев Ҳ.И. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь