20-уми декабри соли 2025 марди 40-солаи сокини ноҳияи Ишкошим бо ҳамроҳии падараш марди 69-солаи сокини ҳамон ҷо дар хонаи истиқоматиашон ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанашон, ҷангу ҷанҷол намуда, падараш марди 69-сола бо воситаи белча ду маротиба ба дасти писараш марди 40-сола зарба задааст, писараш ба ғазаб омада, бо воситаи чангак (барои кофтани оташдон) ба гардану гулӯ ва қисмати қафаси синаи падараш зарба задааст.
Дар натиҷа падараш ба болои оташдон афтида, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, тахминан соати 04:00, ба ҳалокат расидааст.
Гумонбаршаванда айни ҳол дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, оид ба ин ҳолат барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавод тартиб дода шуда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь