Бо мақсади иҷрои корҳои таъмирӣ ва профилактикӣ дар шабакаҳои обтаъминкунӣ аз соати 23:00-и 16 октябр то соати 23:00-и 17 октябр дар баъзе маҳаллаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ қатъ карда мешавад. Дар ин хусус Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар додааст.
Аз ҷумла, дар кӯчаҳои 9, 11, 12, 13, 14, 15А, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, маҳаллаҳои Меҳробод, Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Шараф, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Қазоқон-1 ва 2, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Зафар, Чавлибоӣ, Гиҷдалобод ва кӯчаи Бобо Ҳамдами ноҳияи Сино интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинони ин кӯчаю маҳаллаҳо хоҳиш менамояд, ки миқдори зарурии обро захира намоянд.

Оби нӯшокӣ қатъ мешавад! Об захира кунед!
Блоки рекламавӣ


