Сардори маркази зиддитерористии Оҷонсии амнияти миллии Амрико дар мухолифат бо ҷанги зидди Эрон аз мақомаш истеъфо дод.Ҷо Кент бо интишори баёния дар шабакаи иҷтимоӣ навиштааст, ки “наметавон бо виҷдони роҳат аз ҷанги феълӣ бо Эрон ҳимоят кард. Эрон ҳеч таҳдиди фаврӣ барои Амрико набуд ва рӯшан аст, ки мо ин ҷангро таҳти фишори Исроил ва тарафдорони қудратмандаш дар Амрико шуруъ кардем”.
Хабаргузории “Рейтерс” менависад, ки Кохи Сафед ба дархости фаврӣ барои вокуниш ба ин истеъфо посух надод. Ҷо Кент бо вуҷуди истеъфо изҳори умедворӣ кардааст, ки Доналд Трамп роҳи худро тағйир медиҳад ва “масири наверо барои Иёлоти Муттаҳида пеш мегирад”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь