“Президенти Амрико Доналд Трамп ба Иттиҳоди Аврупо барои таҳримҳо алайҳи Руссия шарти ғайриимкон пешниҳод намуд”, – менависад The New York Times.
Трамп қаблан изҳор дошта буд, ки омода аст таҳримҳои шадидтарро алайҳи Руссия дастгирӣ кунад, аммо танҳо ба шарте, ки ҳамаи кишварҳои узви НАТО чунин чораҳоро дастгирӣ кунанд ва аз харидани нафти Руссия комилан даст кашанд. Илова бар ин, президенти ИМА аз Иттиҳоди Аврупо даъват кардааст, ки боҷи молҳои чиниро дар ҳаҷми 50-100% мувофиқа кунанд.
The New York Times қайд мекунад, ки талаботи раҳбари Амрико амалан ғайриимкон аст, зеро дар байни харидорони калонтарини нафти Руссия Маҷористон ва Туркия боқӣ ҳастанд. Кишварҳое, ки Трамп “борҳо онҳоро ситоиш кардааст”. Дар айни замон, бисер давлатҳои дигари Аврупо харидани сӯзишвории Руссияро хеле коҳиш додаанд, аммо вобастагии эшон аз газ нигоҳ дошта мешавад.
Тибқи иттилои портали Axios, худи Трамп ҳам шубҳа дорад, ки қодир аст ба Президенти Руссия Владимир Путин фишори ҷиддӣ расонад.
Асосӣ Хабари рӯз Nyt: Трамп ба Итиҳоди Аврупо шарти ғайриимкон барои таҳримҳо алайҳи Руссияро пешниҳод...

Nyt: Трамп ба Итиҳоди Аврупо шарти ғайриимкон барои таҳримҳо алайҳи Руссияро пешниҳод кард
Блоки рекламавӣ


