Раиси дастгоҳи Владимир Зеленский Андрей Ермак пас аз чанд соати истеъфо изҳор дошт, ки ният дорад ба ҷабҳа равад: “Ман ба ҷанг меравам ва ба ҳама гуна айбдорсозиҳо омодаам” – гуфт Ермак дар сӯҳбат бо New York Post.
Вай фаҳмонид, ки намехоҳад “ба Зеленский мушкилот эҷод кунад”, бинобар ин чунин қарор қабул кардааст. Тавре ки рӯзнома қайд мекунад, собиқ роҳбари дафтари Зеленский нагуфтааст, ки кай ва чӣ гуна ба сафи пеши ҷабҳа равад, қайд мекунад рӯзнома.
10 ноябр мақомоти зиддикоррупсионии Украина эълон карданд, ки амалиёти васеъмиқёс бо номи “Мидас” -ро барои ошкор кардани схемаи калони коррупсионӣ дар соҳаи энергетика мегузаронанд. Ин моҷаро бӯҳрони амиқи ҳокимияти Украинаро ба бор овард кори парлумон баста шуд ва як қатор вакилон, аз ҷумла аз ҳизби ҳокими “Хизматгори халқ” истеъфои роҳбари Дастгоҳ Владимир Зеленскийро талаб карданд. 28 ноябр маълум шуд, ки кормандони мақомоти зиддикоррупсионӣ дар манзил ва дафтари Ермак кофтукоб мегузаронанд. Худи ӯ тафтишотро тасдиқ кард. Баъдтар Зеленский хабар дод, ки Ермак аризаи истеъфои худро навиштааст.



