Дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт, дағалтарин қоидавайронкунӣ ба шумор рафта, чунин ронандагон дидаву дониста ҷони худ ва атрофиёнро зери хатар мегузоранд.
Аз ҷумла, зимни хизматбарӣ, аз ҷониби кормандони бозрасии милитсияи пойтахт се далели дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт, ба қайд гирифтанд.
Шаҳрвандон Мирзоев Бахтиёр-ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Тайота», рақамҳои қайди давлатиаш 0022ZM10, Рустамов Фазлиддин-ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «BYD», рақамҳои қайди давлатиаш 6126ТТ09 ва Махсумов Саидиқбол-ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Beijing», рақамҳои қайди давлатиаш 111DV10, дидву дониста ба чунин қоидавайронкунӣ даст задаанд.
Нисбати номбурдагон бо моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба Суд ирсол гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь