24 декабр дар шаҳри Душанбе Маҷлиси умумии ғайринавбатии интихоботии Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин хусус аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.
Дар ҷаласа Нуралӣ Арабзода ба вазифаи раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Иштирокчиён бо интихоби роҳбари нав изҳори умед намуданд, ки дар оянда дастгирии варзишгарон тақвият ёфта, дастовардҳои онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ боз ҳам назаррас мегардад.
Блоки рекламавӣ



