Мақомоти Ӯзбекистон дар робита ба марги як шаҳрванди ин кишвар дар Шарқи Дур аз мақомоти Ручсия маълумот талаб кардаанд.
Консулгарии Ӯзбекистон дар шаҳри Владивосток бо ирсоли нота аз додситонии минтақаи Хабаровск ва дигар мақомоти маҳаллӣ талаб кардааст, ки марги муҳоҷири ӯзбек таҳқиқ шавад.
Тибқи гузоришҳо, рӯзи 12-уми декабр неруҳои вижаи пулис (ОМОН) барои гузаронидани рейд вориди як қаҳвахона дар Хабаровск шуданд ва чанд шаҳрванди Ӯзбекистонро онҷо латукӯб кардаанд. Яке аз онҳо баъди шиканҷа ба ҳолати беҳушӣ (кома) афтида, ҳалок шудааст. Сабабҳои марги ин нафар расман эълон нашудаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар дод, ки қазия зери назорати консулгарии ин кишвар ва Оҷонсии муҳоҷират аст. Мақомоти Ӯзбекистон ҳамчунин гуфтанд, бо наздикони муҳоҷири фавтида дар тамос буда, ҷасади ӯро ба ватан мефиристанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь