Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кушта шудани навраси тоҷик Қобилҷон Алиевро дар мактабе дар вилояти Маскав “қатъиян маҳкум карда”, аз мақомоти Русия талаб намудааст, ки ҳодисаро ҳамаҷониба таҳқиқ кунанд. Ҳодиса рӯзи 16-уми декабр рӯй дод.
Вазорат рӯзи 17-уми декабр дар изҳороте заминаи кушторро бегонаситезӣ номида, гуфт, дар пайванд ба ҳодиса сафири Руссияро дар Душанбе даъват карданд ва ба ӯ нота ё ёддошт супурданд.
Дар изҳорот омадааст, дар нота “аз ҷониби Руссия талаб шудааст, ки ин ҳодисаи фоҷиабор фаврӣ, воқеъбинона ва беғаразона таҳқиқ шуда, ҳамаи шахсони дахлдорро тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашад”.
Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчунин навиштааст, ба сафорати Тоҷикистон дар Руссия дастур дод, ки бо наздикони навраси ҳалокшуда пайваста дар тамос бошад ва ин масъаларо зери назорат гирад.
Рӯзи 16-уми декабр дар натиҷаи ҳамлаи як ноболиғ ба мактаби Успенская дар Одинтсовои вилояти Маскав Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик кушта шуд. Навори ҳамла ва куштани ин наврас ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва хашми корбаронро ба миён овард.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки вазир Рамазон Раҳимзода бо ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев дар бораи ин ҳодиса телефонӣ гап задаанд.
“Дар рафти суҳбати телефонӣ қайд гардид, ки содир гардидани чунин ҷиноятҳои мудҳиш метавонад боис ба вазъи ногувори ҷомеа гардида, боз барои дигар гурӯҳҳои радикалии миллатгаро талқин ва таҳрики содир намудани чунин ҷиноятҳо гардад”, – омадааст дар хабари расмии ВКД.
Ба иттилои манбаъ, Раҳимзода аз Колоколтсев талаб кардааст, ки “сабабу омилҳои ҳодиса ҳамаҷониба санҷида ва чораҷӯӣ карда шавад”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь