Дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон Абдурозиқ Ҳакимов, сокини ин шаҳр, бо истифодаи қафасҳои сунъӣ гулмоҳӣ павариш мекунад, ки дар ҷумҳурӣ таҷрибаи нахустин мебошад.

Аз МИҲД-И вилояти Хатлон иттилоъ додаанд, дар самти инноватсионӣ, хоҷагии гулмоҳипарварии шаҳрванд соли 2021 бо истифодаи қафасҳои сунъӣ дар масоҳати 2,5 садяк бунёд гардидааст.

Аз ҷониби ин хоҷагӣ солҳои 2023–2024-ум 41 тонна ва дар 5 моҳи соли равон беш аз 10 тонна гулмоҳӣ истеҳсол шудааст. Айни замон дар хоҷагии мазкур 65 ҳазор дона моҳича парвариш меёбад. Нишондиҳандаи истеҳсоли моҳӣ то охири сол ба 35 тонна хоҳад расид.

Кӯлу дарёҳои Тоҷикистон дорои беш аз 60 намуди моҳӣ мебошад. Дар ҷумҳурӣ гулмоҳӣ хеле машҳур буда, гӯшти он нисбат ба дигар намуди моҳиҳо лазиз мебошад. Таҷрибаи Абдурозиқ Ҳакимов нишон дод, ки парвариши онро бо истифодаи қафасҳои сунъӣ ба роҳ мондан мумкин аст.

Гулмоҳии рангин солҳои 80-уми асри 20 ба шароити обанбори Норак мутобиқ карда шудааст. Онро дар корхонаҳои гулмоҳипарварии Кофарниҳон низ мепарваранд. Рушди соҳаи моҳидорӣ талаботи замон буда, ба буҷети мамлакат даромади калон меорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь