Дар шаҳри Норак дар арафаи соли нави таҳсили 2025-2026 аз ҷониби МИҲД-и шаҳр дар якҷоягӣ бо соҳибкорон ба 50 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд сару либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тӯҳфа карда шуд.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд, раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим дар арафаи соли хониши 2025-2026 дар пайравӣ бо ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 50 нафар ятимони кулл, бепарасторон ва шахсони ниёзманд, лавозимотҳои хониш ва сару либоси мактабӣ тақдим намуданд.
Мақомоти маҳаллии шаҳр тасмим доранд то дар оянда низ бо ҷалби фаъолон, соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва ходимони дин
ба ин қишри ниёзманд кӯмак намоянд.
Дасти кӯмак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва барҷомондагону оилаҳои ниёзманд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад.