Наҷотбахшони тоҷик дар Норак ҷасади се ҷавонеро аз дарё берун оварданд, ки зимни қаиқронӣ ғарқ шудаанд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, шаби 21-уми декабр як гурӯҳи 7-нафара мехостанд ба воситаи қаиқи дорои муҳаррик аз як деҳа ба деҳаи дигар гузаранд. Дар роҳ дар наздикии соҳил қаиқ чаппа шуда, ҳама ғарқ мешаванд.
Кумита хабар додааст, ки 4 нафари онҳо, ки сокинони шаҳри Норак буданд, наҷот ёфтанд, аммо се нафари дигар ҷон доданд ва ҷасадҳои онҳо баъди ҷустуҷӯҳо пайдо ва берун оварда шудааст.
Дар пайи ин ҳодиса наҷотбахшон аз сокинон хостааст, ки зимни қаиқронӣ қоидаҳои бехатариро риоя карда, қаиқҳои худро ба фасли зимистон омода кунанд ва аз истифодаи қаиқҳое, ки барои фасли сармо мувофиқ нестанд, худдорӣ намоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь