“Дар Остона маҳсули беҳтарин ҳунармандони вилояти Суғд ба намоиш гузошта хоҳад шуда, ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Суғд баргузор мешавад” – гуфтаанд дар ин бора мақомоти шаҳри Остона.
Ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ рӯзҳои 16-17 август баргузор мешавад ва соҳибкорон аз Тоҷикистон барои фурӯш беш аз 1000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ: мева, меваи хушк, чормағз, сабзавот, полезӣ ва дигар зироатҳоеро, ки Тоҷикистон бо он машҳур аст, ба намоиш мегузоранд. Дар ярмарка инчунин таомҳои миллӣ намоиш дода мешаванд: 10 дег оши палав (ҳадди ақал 1 тонна палав дар як рӯз), 6 танӯр барои пухтани нону самбӯса (ҳар рӯз 5000). Ярмарка 16 август аз соати 11:00 то 19:00 ва 17 август аз соати 10:00 то 19:00 дар ҳудуди назди майдони Барис Арена кушода мешавад.